БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАШВАРАТИ СУДМАНД БАҲРИ ФАЪОЛНОКИИ ВОЛОНТЁРОН

ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дирӯз аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, ҳамзамон роҳбари волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ семинар-машварати судманд бо мақсади фаъолнокии маҳфилҳои волонтёрон тариқи суҳбати онлайнӣ баргузор гардид.

Дар ин машварат аз ҷониби роҳбари волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таърихи пайдоиш ва фаъолияти волонтёрон дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа зикр гардида, дар бораи ҷалби волонтёрон дар корҳои хайр ва ташаббусу масъулияти онҳо дар ҳалли мушкилоти ҷомеа қайд карда шуд.  Дар машварати мазкур оид ба масъалаҳои ба расмият даровардани шартнома ва дигар ҳуҷҷатҳои волонтёрон, роҳҳои ҳавасмандгардонии онҳо, ташкил намудани озмунҳои гуногуни волонтёрӣ, аз ҷумла озмуни волонтёри беҳтарини сол, муқаррар намудани идрорпулӣ барои волонтёрон гуфтугузор ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамзамон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба ташкили маҳфилҳои забономӯзӣ, омӯзиши технологияи муосири иттилоотӣ, маҳфилҳои варзишӣ, инчунин дигар маҳфилҳои  худтакмилдиҳӣ ва ҷалби волонтёрон дар ин маҳфилҳо суҳбат гузаронида, барои фаъолнокии маҳфилҳои волонтёрӣ дастуру маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.    Суҳбати онлайнии волонтёрон ба таври озод, гуфтугузор ва саволу ҷавоби тарафайн сурат гирифта, масъалаҳои муҳими ҷомеа ҳаллу фасл гардид.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg