БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон ҳамарӯза миёни сокинон оид ба пешгирии бемории короновирус ва истифодаи оқилонаи замин, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳад, суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда истодаанд. Қайд кардан зарур аст, ки вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар якҷоягӣ бо гурӯҳӣ кории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Чорбоғ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев баргузор карда шуд.Аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок ва оқилона истифода намудани ҳар ваҷаб замин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, сокинонро таъкид намуданд, ки ҳар порча заминро оқилона истифода намуда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд ва барои фаровонии дастархон ва дар ғанӣ гардидани буҷаи оилаи хеш саҳм гузоранд.