БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САД БОР БАДӢ КАРДИВУ ШАРМИ ТУ НАОМАД… ҲАМОВОЗӢ БА ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ ХИЁНАТ ВА Ё КАСЕ, КИ БА ИШТИБОҲ РОҲ ДОД БАХШИДАН МУМКИН АСТ, ВАЛЕ КАСЕ, КИ ХИЁНАТ КАРДААСТ, БАХШИДА НАХОҲАД ШУД.

ВОКУНИШ. Замоне меояд, ки мардуме пайдо шаванд, ки дини хешро ба матои ночизи дунё мефурӯшанд. (мухтасари Муслим: 118 ). Афсӯс, замоне, ки садсолаҳо қабл пешгӯӣ шуда буд, омадааст, исботи далели мазкур одамзодаҳое ба монанди аъзои мамнуъгаштаи ҳизби наҳзати исломӣ мебошад. Ин табақа афроди хиёнатпеша наҳсу касофатӣ, ватанфурӯшиву поррагирӣ, муфтхӯриву косалесӣ, канизиву хушомадгӯӣ аз ҳама муҳим гузашт кардан аз баҳри падару модар дар тинаташон мисли анкабуд тор кашида,  раҳоӣ аз одати талх барояшон мушкил гаштааст.

Зеро инсон арзиши олиест, ки сару по бо меҳру навозиш, некиву накӯкорӣ ва ояндаи ҳар як қавм ва ё қабилае ба воя мерасад, то дарахти умраш пурбор бошаду ба ҷамъияте, ки ба он шомил аст, шаҳде расад. Ин ҷамъият албатта Ватан аст, ки мову шуморо дар оғӯши гармаш ба воя расонидаву чун модар навозишу пуштибонӣ мекунад. Шахсе, ки  оғӯши гарми Ватану модарро эҳсосу дарк карда наметавонад, одам асту лек фарзанди одам не, ки ин одамонсуратон хиёнаткороне беш нестанд.

Қатлу куштор, дуздиву ғоратгарӣ, ятим сохтану гумроҳ кардан кори одамонест, ки фарзанди одам нашояд, ҳаромзодае, ки вуҷудаш гармии Ватан, виҷдонаш адоват, номусаш ор ва сиришташ накӯиро надидааст ба мисоли наҳзатиҳои наҳси одамсурати пастфитрат. Филми ҳуҷҷатӣ бо далелҳои амиқ аз хиёнатҳои роҳбарияти мамнуъгаштаи ҳизби наҳзати исломӣ пахш гардида, ҳақиқатро ошкоро сохт. Имрӯз бештари ҳамдастон ва ё бо роҳи фиреб роҳгумзадаи наҳзатӣ ошкорову бепарда  ҷиноятҳои кардаи хешро иброз доштанд, ки паси ин ҳама даҳшати нобахшиданиҳо роҳбарияти наҳзатӣ ва хоҷагони ба онҳо маълум меистад.

Пайғамбари Худо (с.а.с) дар яке аз ривоятҳои муборакаш мефармояд, ки  агар дар ҷое шоҳиди хатои муъмине гардидӣ, агар тавонӣ бо сухан, нашавад бо ишора ва ҳеҷ, ки ғайрат надорӣ дар дилат баъд бин, ки кори ӯ хато аст, ки ин заифтарин имон аст.

Исломиҳои номусалмон, зери ҳизби наҳзати исломӣ солҳои 90 –уми асри гузашта аз заифии бархе аз мардуми тоҷик истифода намуда, онҳоро ба майдонҳо кашиданду бар зидди давлату миллат ҷанг андохтанд. Мардум аз гумроҳӣ чи кор кардану ба куҷо ҳамла карданашро намедонист. Танҳо ҳадафаш ду калима буд, ки аз наҳзатиҳо омӯхта буд, ин ҳам бошад, ҷиҳод мекунам. Ахмадшоҳи  Масъуд: "Ман имрӯз Рохбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру туп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо - афғонҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштаем."

Ҳақ бар ҷониби Аҳмадшоҳи Масъуд аст. Албатта, аз ин ватанӣ бидон, ки соҳибватанӣ. Мо мардуми Тоҷикистон бояд соҳибватанони асил бошему нагузорем, ки ҳеҷ як ташкилот ва ё шахси алоҳида ба мисли наҳзатиҳои наҳс боиси иғвову дассисаҳо гарданд,   зеро ки мо насли калонсол хуб дар ёд дорем, ки ду даҳсолаи пеш Тоҷикистони мо дар чӣ вазъият қарор дошт. Мо Ватанро аз сифр бунёд сохтем. Имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ кулли тоҷикистонӣ ва тоҷикони ҷаҳон аст.

Ҳамватанони азиз, дунё намегузарад, ин моем, ки роҳгузарем. Пас дар ҳар тулӯъ ва ғуруб зиндагиро эҳсос кунед,  меҳрубон бошед, эҳтироми падару модарро ба ҷо биёваред, қарзи ватандориро адо кунед! Шояд фардое набошад, шояд ҳам бошад ва... мо набошем. Ва фаромӯш накунем, қабристон пур аст аз инсонҳое, ки мехостанд фардо зиндагӣ кунанд…
 

Гар ба давлат бирасӣ маст нагарди мардӣ,
Гар ба зиллат бирас
ӣ паст нагарди мардӣ.

Аҳли олам ҳама бозичаи дасти ҳавасанд,
Гар ту бозичаи ин даст нагарди мард
ӣ.

Абдуллозода Саёҳат,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg