БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ БА ВАТАН – МОДАР ВА ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН НОБАХШИДАНИСТ!

ВОКУНИШ. Тавассути шабакаҳои телевизиони кишвар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро тамошо кардам. Пас аз тамошои он бори дигар ба хулосае омадам, ки ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ таҳти роҳбарии ватанфурӯши рақами 1 Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш ҳеҷгоҳ дар ободиву осоиштагии мамлакат набуданд ва нахоҳанд буд.

Чигунае,  ки иддае аз ҳамнишинони Муҳиддин Кабирӣ дар наворҳо аз давраҳои кору фаъолияташон дар Тоҷикистон ва берун аз он  тавассути оинаи нилгун баён доштанд, онҳо ҳамеша аз пайи ҷамъ намудани молу сарват, айшу ишрат ва манфиатҳои худ буда, ҳатто ба наздикони худ низ хиёнатро раво дидаанд.  Маҳз ҳамин хоинони ватанфурӯш бо мақсади ба даст овардани мансаб ва маблағҳои муфт дар соли 1992 мардумро ба  майдонҳо кашиданд, ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳро ба қатл расонданд. Ҳазорон кӯдаконро ятим, занонро бешавҳар ва модаронро бе фарзанд карданд.  

Бадбахтиву бадхоҳии онҳо боис гардид, ки зиёда аз 1 миллион шаҳрвандон гуреза, ҳазорон нафар дар ғарибӣ вафот ва  ба Тоҷикистон миллиардҳо доллари америкоӣ хисороти иқтисодӣ расонида шуд. 

Филми мазкур бори дигар чеҳраи манфури ин хоинони миллатро ба тамоми мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон нишон дод. Дар ин филм тамоми кору пайкори бади онҳо муфассал бо далелҳои исботкунанда, аз забони шоҳидон ба мардум расонида шуд.

Наворҳои пешниҳодшуда дар шабакаҳои телевизионӣ мардуми моро бори дигар ҳушдор дод, ки мо бояд ба дассисаву дуруғгӯӣ, иғвоангезиву маҳалгароӣ, ҷудоиандозии  хоинони миллат бо роҳбарии М.Кабирӣ фирефта нашавем.

Шукронаи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлолро, ки Ватани маҳбуби ҳамаи мост,  ба ҷо орем. Ҷонибдори сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем. Ҳушёриву  зиракиро аз даст надода,  манфиатҳои давлату миллатро аз ҳамаи манфиатҳо боло гузорем. Нагузорем, ки бадхоҳону хоинони миллат бори дигар ба сари мардуми мо бадбахтӣ оранд.

Дар охири сухан мехоҳам андешаи худро бо гуфтаи Низомии Ганҷавӣ баён созам:

Аз хиёнатгарист бадномӣ,

В-аз бадӣ ҳаст бадсаранҷомӣ.

Неъматулло Иброҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg