ВОКУНИШ. Бо тамошои филми мустанади «Хиёнат» ҳар бинандаи закӣ пай мебарад, ки ашхоси бевиҷдону палид, зархаридон ва гумроҳшудагон ҳамеша дар паи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопоки ғайриинсонии хешанд ва барои ин афроди нокас муқаддасоте чун Ватан – Модар, дин мазҳаб арзише надорад. Ин гуна шахсон, ки барояшон беҳтарин арзишҳои инсонӣ қадре надорад ва бар ивази маблағҳои аз ҷониби хоҷагонашон гирифтаанд, тайёранд ба ҳамагуна хиёнат, катлу куштор , нооромсозии авзои ҷомеа ва пеш аз ҳама халалдор сохтани ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони азиз даст зананд. Ба ин гуна шахсони нокас ва ватанфурӯш дохил мешавад роҳбари собиқ ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, ки мехоҳанд бо дурӯғу буҳтон ва кинаҳои дар дилдоштаашон аз ҳама вазъияти ба амал омада истифода карда, вазъи орому осоиштаро халалдор созанд ва бо ин амалашон худро чун «ватандӯсту ғамхори миллат» нишон диҳанд. Бехабар аз он , ки мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯз аз тамоми амалҳое , ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо касофативу нақшаҳои тарҳрезинамудаи ин хоинони ватанфурӯш ва хоҷагони хориҷиашон бар сари давлату миллат оварданд, огоҳӣ пайдо намуда, нисбаташон ҳамеша нафрин мехонанд. Дар ҳақиқат маҳз бо иғвоангезиву дассисаҳои собиқ роҳбари ТЭТ ҲНИ ҳоло бо номи Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ буд , ки ҷони 150 ҳазор одамон рабуда шуда , 128 ҳазор занону модарон бешавҳар монда, зиёда аз 55 ҳазор кӯдакон ятим монданд ва иқтисоди давлат ба сифр баробар шуд. Таърих гувоҳ аст, ки ин нокасон чи бесарусомониву нооромиҳоро болои ин мардум оварданду имрӯз ҳам мехоҳанд дубора боз фитнаеро болои мардум бирезанд. Аммо бехабар аз онанд, ки мардуми ватандӯсту сулҳпарвари тоҷик, алалхусус мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол дигар ҳеҷгоҳ намегузорем, ки нохалафе бар ин Ватани аҷдодии мо бо чашми бад бингарад ва тинҷию оромии миллатро халалдор созад. Мардуми ватандӯсту ватансози тоҷик дарк намудааст, ки маҳз бо ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ метавон ба тамоми қуллаҳои фатҳ расид ва ин Ватани аҷдодиро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ободу зебо ва пешрафта нишон дод. Аз ин лиҳоз ман ҳамчун як ҷавонони зодаи соҳибистиқлоли кишвар аз тамоми халқи азизам даъват ба амал меоварам, ки ба фитнаву дассисаҳои ин бадҳони давлату миллат гӯш надода, баҳри пойдории сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун саъю талош намоем.
Худойдод Ёров, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш