АНДЕША. Муҳаббати мо муҳаббат ба Ватан аст. Таппиши бонизоми қалбҳои мо низ аз амну оромиву осоиштагии фазои Тоҷикистони озоди мост! Меҳр ва эҳсоси баланди муҳаббат ба Ватан дар колбади ҷисми озодиҳоҳи шахси ватанпарвар туғён менамояду соҳибашро ба корнамоиҳои бемисл роҳнамоӣ мекунад. Чуноне, ки аз ҳазорсолаҳо то инҷониб таърихи башарият бо номи шахсиятҳои бузург ифтихор доранду номи некашонро дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт кардаанд. Номи фарзанди асили миллати тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар қатори дигар бузургони ҳар давру замон, дар даврони давлатсозии навини тоҷикон чун офтоби нурафшон ва ситораи дурахшон таҷалло кард. Фазилатҳои табии шахсӣ ва фаъолияти пурсамари меҳнатиашон дар роҳи Ватансозӣ мояи ифтихори мост!
Дар арафаи истиқболи ҷашни бузурги миллиамон- 23 солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки аз санаҳои муҳими тақдирсози Ватанамон маҳсуб меёбад, қарор дорем. Ин неъмати бузург дастоварди муҳими даврони истиқлолият буда, бо заҳматҳои бевоситаи халқҳои кишварамон бо сарварии Пешвои миллат бо қиммати ҷон ба даст омадааст. Фазои орому осудаи ватанамон ҳар яки моро ҳушдор менамояд, ки ҳар нафас бо шукргузорӣ зиндагӣ карда, пайи ободии давлатамон ва ташаккули соҳаҳои ҳаётан мухими хоҷагии халқ талош варзем.
Маълум, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистон ба мушкилотҳои сиёсӣ ва бархӯрди мансабталошон рӯ ба рӯ гардид. Рӯзҳои фоҷиабори солҳои аввали истиқлолиятсозӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад.Таърихи давлатсозии халқияту миллатҳои рӯи дунё аз қадим то ба имрӯз собит карда буд, ки истиқлолиятсозӣ, таҳкими пояҳои он, ҳифз ва рушду камоли он кори саҳлу содда набуд. Вале мардуми таҳаммулпазир ва хирадманиши тоҷикон ба Пешвои худ бовару эътимод карданд. Аз соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои худ интихоб карданд ва аз пайи ӯ барои бунёди давлати навини тоҷикон устуворона қадам гузоштанд ва таҳкими пояҳои истиқлолиятро давра ба давра таъмин намуданд. Сокинони ноҳияи Кӯшониён рӯзҳои сахту вазнини солҳои 90 -умро фаромӯш накардаанд. Даҳшати он рӯзҳои шум аз хотир нарафтааст. Аз макру фиреби наҳзатиҳои террорист хонаҳои ободи мардуми ноҳия ба вайронаву харобазор табдил ёфта, садҳо ҷавонписарони касбу кори гуногун куштаву беному нишон гардиданд. Бо амри тақдир фарзандони моро рӯзгори хуш насиб гардидааст. Онҳо ҳамсолони Ваҳдат ҳастанд. Ҷавонони хушбахти давлате ҳастанд, ки пайи таълиму тадрис ва бо умеди зиндагии босаодат озод ва некбинона қадам мезананд. Имрӯз дар раванди давлатсозӣ Тоҷикистон тибқи меъёр ва рукнҳои демократия давлати озод, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд кард ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит кард, ки миллати тоҷик бо хираду заковати фавқуллода ва табии худ метавонанд, ки дар ҷаҳони муосир хешро муаррифӣ намояд ва дар ҳалли мушкилотҳои бузурги замони муосир пешоҳанг бошад.
Аҳли башар дар асри 21 ба раванди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо, буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодиву молиявӣ ва паҳншавии бемории нави сироятӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Хатари доман паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СOVID-19 сайёраро ба ташвиш оварда, ҳамчун мушкилоти аср, муаммо ва дар тафаккури инсонҳо ҳалношуданӣ боқӣ мемонад. Вале таҷрибаи рӯзгор собит кардааст, ки дар ҳамаи давру замонҳо ҷони одамият бо хатарҳо рӯ ба рӯ гардидаву бо амри тақдир ва бо донишу саводи фарзандони худогоҳаш бартараф гардида, амнияти солимии наслҳо ҳифз карда мешуд.
Мо, зиёиёни ноҳия, мураккаб будани вазъи ҷаҳони муосирро эҳсос намуда, барои бартараф кардани ҳамагуна таҳдиду хатарҳои берунаву дохила, ки ба амнияти милливу давлатӣ ва суботи томи ҷомеа таҳдид менамоянд, омода ҳастем. Сарҷамъӣ ва муттаҳидӣ метавонад, ки давлати азизи моро аз кулли ҳодисаву воқеаҳои нохуши ба миёномада эмин нигаҳ дорад. Муборизаи мо бар зидди намояндагони собиқ ҳизби мамнӯъшудаи наҳзат, ки айни замон хориҷ аз кишварамон қарор доранд ва пайваста бо ҳарзагуйӣ ва туҳматҳои беасос ба номи Ватани маҳбуби мо иснод меоранд, беамон ва шикастнопазир аст. Ҳар лаҳза, тайёр ҳастем, ки барои ҳифзи Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами устувори аввалин гузорем. Ҳифзи арзишҳои милливу давлатӣ ва суннативу мазҳабӣ, эҳтиром ба муқадассоти давлатиро шарти мухими кору фаъолият ва зиндагӣ шуморида, наслҳои ояндаро дар ин роҳ тарбия карда, фарзандони шоистаи ватандӯстро ба ҷамъияти навини Тоҷикистон туҳфа менамоем. Ҳар нафас мегӯем: «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!».
Шукруллозода Дилафрӯз, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён