БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи соли шинохти манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самаранок истифода бурдани  заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав

бо сокинон ва кишоварзони маҳаллаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Истиқлол корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор намуданд.

Инчунин, дар вохӯрӣ гурӯҳи корӣ оид ба самаранок истифодабарии замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ суҳбат намуда, сокинонро таъкид карданд, ки кишоварзони мо бояд аз заминҳои вобастагардида на камтар аз ду-се ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.

Дар фарҷоми суҳбат гурӯҳи корӣ ба сокинон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус муроҷиатномаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва ниқобҳои муҳофизатиро тақсим намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg