ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Чашмаи ноҳияи Хуросон корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ба роҳ монда шуда, масъулин дар рафти суҳбат сокинонро ба истифодаи самараноки замин ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус раҳнамои карданд. Дар охир ба ҳар яки онҳо маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуданд.