БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- таблиғгари ҳадафҳои созандаи кишвар

ПАНҶ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи давлату миллат ва фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар деҳаи Қушқияи ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ бо сокинон ва фаъолони деҳаи мазкур вохӯрӣ доир гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  дар баробари шарҳу тавзеҳ ва татбиқи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб  бошандагони деҳотро  ба корҳои созандагию ободонии  деҳаашон даъват намуданд.

Пас аз фаҳмонидани ҳадафи вохӯрӣ дар деҳаи Қушқия ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Ғайрат» таъсис дода шуда, Давлатова Ороста раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Дар охири ҷамъомад Хоҷаева Сабоҳат ва Наврӯзов Улуғбек ба сухан баромада, сиёсати хирадмандонаву дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллатро нисбати мардуми кишвар баён доштанд.

Ҳамзамон, онҳо қайд намуданд, ки мо аз он ифтихормандем, ки ҳизбе, ки сарварии  онро Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар душ доранд, ташкилоти ибтидоии худро дар деҳаи мо таъсис дод ва боварии комил дорем, ки мо сокинон бо рӯҳбаландӣ пайи ободии хонаву деҳаи хеш камари ҳиммат мебандем.

 

                                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg