БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗДИД АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба мардум расонидани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг   ҳамарӯза  аз ҳолати истифодабарии заминҳои дар ихтиёри сокинонбуда дидан намуда, ба  заминистифодабарандагон  ҷиҳати истифодаи самараноки он ва  рӯёнидани ҳосили дилхоҳ, кишти такрорӣ, обу ғизодиҳӣ  маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Масъулин  аз заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаи Сиёҳкуртаҳои  Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзоро аз назар гузаронида, ба заминистифодабарандагон  ҷиҳати истифодаи самаранок аз замин  суҳбат оростанд.

Аз суҳбат бо  бошандагони деҳа  маълум гардид, ки онҳо сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  якдилона дастгирӣ намуда, мекӯшанд, ки дар иҷрои яке аз ҳадафҳои давлат таъмини амнияти озуқавории кишвар  саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg