БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР МУЛОҚОТ БА СУОЛҲОИ ХУД ҶАВОБҲОИ МУШАХХАС ГИРИФТАНД

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки гурӯҳи таблиғотӣ дар деҳаи Дараи Мухтори Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт ҷиҳати фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин ба сокинон суҳбат гузаронида шуд.  Дар суҳбат қайд гардид, ки роҳи асосии пешгирии ин беморӣ ва роҳ надодан ба паҳншавии он риояи талаботҳои беҳдоштии шахсии муайяннамудаи табибон, бе зарурат набаромадан ба ҷойҳои серодам ва мунтазам истифода намудани ниқобҳои муҳофизатӣ мебошад.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои беморӣ – таби баланд, сулфаи бардавом, хориши гулӯ ва дигар нишонаҳо зуд ба духтури оилавӣ муроҷиат намоянд.

Дар суҳбат иштирокдорон, ки бештар аз 89 нафар буданд, ба ҳамаи суолҳои худ посух гирифтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg