ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои назиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба сокинони деҳаи Таги Намаки Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Зимни суҳбат мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Гадоӣ Сайидалиев дар бораи самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб қитъаи замин, гирифтани се чор ҳосил аз замин бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ андешаронӣ карда, онҳоро барои меҳнати софдилона баҳри таъмини зиндагии арзанда даъват карданд. Дар охир ба сокинону кишоварзон маводҳои таблиғотӣ оид ба самаранок истифодабарии замин дастрас карда шуд.