БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАҚ НИҲОН НЕСТ, ВАЛЕ ХИРАНИГОҲОН КӮРАНД

ВОКУНИШ. Баъди   тамошои  филми  ҳуҷҷатӣ  бо  номи  “Хиёнат” , нисбати хоинони миллату давлати Тоҷикистон, нафрати мардуми Тоҷикистон, алалхусус  ҷавонони  бонангу  номуси  он   боз   ҳам  зиёдтар гашта, ба баланд  гардидани  зиракию  ҳушёрии  онҳо  мусоидат  намуд.

Ҳамчунон  чӣ  тавре, ки  ҳамагон   огоҳӣ  дорем, созмонҳои  ба  қавле оппозитсионии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муттаҳидӣ дар иттиҳоде бо ном паймони  миллӣ, ки  дар  он  ҳайат  аъзои  фаъоли    ташкилотҳои  мамнӯъи  кишвар,  ТТЭ  ҲНИ, аъзои   Гурӯҳи  24  ва   дигар  пайравонашон,  ҳар соатаву   ҳар  рӯза   дар   расонаҳои   интернетӣ  бо хабару овозаҳои  бардурӯғу   беасос   садо  баланд  карда,  бар  сари  миллату  давлатамон   туҳмату   буҳтонҳои  зиёдеро  ба  бор  оварда  мехоҳанд,ки бо ин обрӯву  нуфузи   Тоҷикистонро  дар  арсаи   ҷаҳонӣ   коста  гардонанд.

Эй Кабирии мазҳабфурӯш, эй пайравони мазҳабфурӯш,  Истаравшаниву Муҳаммадиқболи Садридин, Шарофиддину Нуридини Ризоиву  Салмони  беимон  ва  ғайра  муридони   ин иблиси одамсират, шумо  чанд  тан  хиёнаткорони  миллату  давлати  имрӯзаи  Тоҷикистон, ҳеҷ гоҳ  наметавонед, ки  бо  ин  паймони  ноустуворатон, сарҷамъиву  аҳду  паймони  миллати  тоҷикро  рахна  намоед. Онҳое, ки  ба ҳаракати ба ном Паймони миллӣ ва Муҳиддини Кабирӣ  пуштибониву  пайравӣ  мекунанд,  бояд  донанд, ки   ҷаҳолат,  разолат,  нодонӣ  аз  бефарҳангӣ  сар  мезанад  ва  инсони  бофарҳанг  ақидаи  солими  худро дорад  на  ба  мисли  Кабириву  пайравонаш, ки  бозичаи  дасти  манфиатҷӯёни  хориҷианд.

Аз ин хотир ба ин гурӯҳҳои  бефазилату бефарҳанг пайрвию такя накарда, худро хиёнатпешаву  волидайнро назди миллату давлат шармсор насозед.

Хиёнаткори  Муҳиддини  Кабирӣ  ва пайравонаш, ҳаққу ҳуқуқи аз номи  миллати  тоҷик  ҳарф  заданро  надоред.

Мардуми  сарбаланду таҳаммулпазири Тоҷикистон то ба ҳол, аз хиёнату найрангҳои ТТЭ ҲНИ дилгир шуда, то ба дараҷае мисли хишт (кирпич) сӯхтаву ҳамон қадар пӯхта гардидаанд,ки агар миллион ташкилотҳои ҷаҳони муосир садҳо бори дигар аз онҳо дифоъ намояд, Кабириву пайравонаш бо иттиҳоди бепаймонашон  дигар  худро  дар  пӯсти ҳазорҳо  ҳайвонҳои гуногунранг намудор кунанд ҳам, кӣ буданатонро фаҳмидаанд.    

Мардуми сарбаланди Тоҷикистон, шукронаи оромию суботи Ватани азизу маҳбуби хешро карда, ба Кабирию пайравонаш бо хитоб, мегӯянд:

Хуку хару каждуму саги ганда туӣ !

Аз ҳар ду ҷаҳон зи боварӣ канда туӣ.

Раҳгумзадаи шаби дарози яъсӣ,

То рӯзи ҷазо нокасу шарманда туӣ.

 

Муҳаммадовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg