БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФШОИ ХИЁНАТҲОИ КАБИРИВУ ДИГАР ҲАММАСЛАКОНАШ ДАР ФИЛМИ “ХИЁНАТ” (Ё БАЪДИ ПАХШИ ИН ФИЛМ ХОҶАГОНИ НАҲЗАТИЁН МӮЙ АЗ САРУ РӮИ ХУД КАНДАНД)

ВОКУНИШ. Дар робита ба хиёнатҳои Кабириву дигар ҳаммаслаконаш бояд гуфт, ки ҳамавақт ин хоинон роҳеро ҷустуҷӯ мекунанд ва ё формулаҳои нав банаверо эҷод кардаву мехоҳанд мардуми тоҷикро даст ба гиребони якдигар созанд ва дар дохил мардумро бо мардум ҷанг андозанд. Албатта, чунин аст мақсади асосии онҳо ва хоҷагонашон, ки намедонад кадом роҳи иғвоангезиву дассисаро истифода баранд, то ба манфиатҳояшон бирасанд.

Лекин бо пахши филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон бори дигар аз кирдору рафтори ин хиёнатпешагон ҳама огоҳ шуданд ва ба дурустӣ мақсадҳои онҳоро мардуми тоҷик дарк карданд.

Муҳидин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш пулҳои бедарди миёнро аз ҷайби тарроҳон ва хоҷагоншон гирифта, ҳар гуна тарҳу ҳиллаи навро истифода мебаранд, то хостаҳои хоҷагонашонро пиёда созанд. Фикр мекунам, ки бо тамошои ин филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” хоҷагони Кибириву дигар ҳамсафонаш аз гулӯҳояшон об нагузашта, мӯй аз сару рӯй кандаву дарун ба дарун сӯхта истодаанд, ки маблағҳояшон дар як “ҳоҷатхонаи истифодаи умум” партофта ва масраф шудааст. Зеро баъди пахши ин наворҳои видеоӣ нақшаҳои кашидаашон ҳамагӣ ба бод рафтанд.

Дар баробари ин мехостам ёдрас шавам, ки бо эълон шудани аввалин гирифторони коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои манфиатҷӯ тавассути расонаҳои иғвоангезашон хостанд мардумро ба воҳимаву таҳлука андозанд. Вале тирашон хок хӯрд чун мардуми тоҷик аз ин дида рӯзҳои вазнинтаро аз сар гузарондаанд ва инро ҳам паси сар хоҳанд кард. Чунки аз тарафи давлату Ҳукумати мамлакат саривақт тамоми чораҳо андешида шуданд ва табибони мамлакат ҳамчун ворисони ҳақиқии Сино бар зидди ин бемории сироятӣ мубориза бурда истодаанд, ки чунин раванди кор боис шуд, ки вазъият дар ин самт аллакай рӯ ба беҳбудӣ биёрад.

Як нуктаро бояд гуфт, ки чунин бемориҳои сироятӣ ба монанди коронавирус дар ҳаёти инсоният пайдо шудаву дар баробари ин паси гардидаанд. Аммо хиёнаткорӣ нисбат ба давлату миллати худ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намегардад. Мардуми тоҷик низ он 150 ҳазор нафаре, ки аз даст дод ва он зарбаи шаддиди маънавӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки хӯрдааст, ҳеҷ вақт аз хотироти хеш дур  нахоҳад кард. Зарбаи он захмҳо, ки тавассути хоинону ватанфурӯшон, махсусан аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ба миллат расонида шуд, шифо ёфта бошанд ҳам, аммо дар хотирҳо боқист. Ин зарбаи вазнин барои халқи тоҷик дарси бузурги таърихӣ барои мубориза бар зидди душманонаш гардид.

Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳар давру замон халқиятҳо ва қавмҳо бар ивази ҷону тан барои пос доштани забон, урфу одат, расму оин, сарҷамъию иттиҳодӣ ва бунёди давлати мустақил талошҳо мекарданд. Мардуми тамаддунофари тоҷик аз давраҳои дури таърихӣ бо фарзандони фарзонаи худ ҳамеша арзишҳои волое, ки дар боло зикрашон кардем, бар зидди душманони аҷнабӣ мубориза мебурд ва онҳоро содиқона, бо таваҷҷуҳи хос нигоҳ медоштанд.

Чунин шахсони сарсупурдаи миллатро ба монанди - Куруши Кабир, Деватиҷу Муқаннаъ, Маздаку Исмоили Сомонӣ, Фирдавсиву Синои бузург ва Айниву Бобоҷон Ғаффуров, ки тамоми умри хешро барои сарҷаъмии миллат ва соҳиби  давлати мустақил шудан сипарӣ намуданд, метавон ном бурд.

Баъд аз мушкилотҳои вазинини таърихӣ, ки беш аз ҳазор сол мардуми тоҷик зери азобу шиканҷаи аҷнибиён қарор дошт, Яздони пок шахсеро аз батни модаре рӯи олам овард, ки орзуву ормони деринтизори миллати тоҷикро амалӣ сохт. Аз модаре, ки ин шахсияти мӯътабар зода шуд, ӯро “Модари наҷотбахши миллат” гӯем ҳам хато намекунем.

Ин марди ҷонфидои миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар баробари Сарвари давлат интихоб гардиданашон маълум буд, ки барои сарҷамъии ин миллат ҳатто ҷони худро дареғ намедорад. Маҳз ҳамин сарсупурдагӣ ва азхудгузариҳои Пешвои миллат буд, ки мо мардуми тоҷик ба ин рӯзҳои нек насиб гардидем.

Дар ин миён тамоми халқи тоҷик ба ҳиллаву дассисаҳои як чанд наҳзатӣ ва гурӯҳҳакҳои хиёнатпеша ба ҳеҷ ваҷҳ дода намешаванд. Зеро дар солҳои навадум зарбаи он тири хиёнаткориро хӯрдаанд ва аз ҳамин лиҳоз дастовардҳои ба дастомадаро бо тамоми ҳастияшон ҳифз менамоянд. Ва дар зери сиёсати Пешвои миллат ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ гардида, бар зидди ҳама таҳдиду хатаре, ки ба Ватан, миллат ва давлат мекунад, мубориза мебаранд.

Фирӯзи Саидмуъмин,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg