ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Субҳи дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии “Деҳбаланд” бо ҷалби волонтиёрон ҷиҳати расонидани маълумот ба шаҳрвандон оид ба дуруст истифода бурдани ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ, бе асос ва бе зарурат набаромадан аз хона корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби масъулин таъкид карда шуд, ки бо вуҷуди он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин беморӣ рӯ ба коҳиш оварда истода бошад ҳам, ба бепарвогӣ ва беаҳмиятӣ роҳ надиҳанд.
Аз он ҷумла, ба ҳамаи шаҳрвандон муроҷиатнома, ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ тақсим карда шуда, аз ин амали нек шаҳрвандон хушнуд шуда, изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуданд.