БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МАҲСУЛИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ

АНДЕША. Бисту се сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Зеро маҳз ҳамин санади таърихӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои оғози рушди давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳаёти орому осудаи мардуми он шароити мусоид фароҳам овард.

Дар ин рӯзи саид ҳар як фарди Тоҷикистон бори дигар амиқан дарк менамояд, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвари мо то чӣ андоза азизу муқаддас мебошад.

Қабул намудани андешаи Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлат ва шиори зиндагӣ барои мо, тоҷикон, бесабаб набуд.

Зеро бар асари нобасомониҳои солҳои охири асри гузашта кор ба дараҷае расид, ки дар байни мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо амали нангин ва хатарбори бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ доман паҳн намуд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат ва албатта, бо пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд.

Баъди ба имзо расидани ин санади муҳимми таърихӣ дар мамлакати мо марҳалаи нав – марҳалаи сулҳу субот, ба Ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд.

Маҳз Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти бузурги таърихӣ тавонист бунёдгузори модели нави сулҳофарӣ дар минтақа ва ҷаҳон гашта, низои мушкили дохилиро дар муҳлатҳои ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ тариқи сулҳу созиш бартараф намояд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, саҳифаи наверо дар китоби сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик боз намуд.

Мардуми шарифу сарбаланди кишвар тавонистанд дар атрофи ғояҳои сулҳовари Сарвари давлат муттаҳид шуда, соҳиби Ватани ободу озод гарданд. Маҳз, майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳд ва ваҳдати мардуми бонангу номуси Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба роҳи душвори расидан ба Ваҳдати миллӣ таъкид намудаанд: «Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем».

Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.

Имрӯз рушди босуботи иқтисоди миллӣ имконият фароҳам оварда истодааст, ки барои мардум шароити зиндагии шоиста муҳайё гардад. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои созандагию ободонӣ идома дошта, мардуми ноҳия барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаи фархунда софдилона меҳнат намуда истодаанд.

Итминони комил дорам, ки мардуми ноҳия бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ баҳри амалӣ гардидани аҳдофи созандаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири шукуфоии Ватани азизамон саъйу талош меварзанд.

Мирсаидова Давлатмоҳ,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg