МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самаранок истифода кардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновирус бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Шарифзода Лутфия мулоқотҳо доир карда шуданд.
Вохӯрии навбатӣ бо саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳия шахсони заминҳои дар ихтиёрдошта доир гардида, масъулин бори дигар хотиррасон намуданд, ки заминҳои дар ихтиёрдоштаи худро самаронок истифода намуда, аз ҳар як ваҷаби он рӯёнидани 2-3 ҳосилро ба роҳ монда, дар ғанӣ гардонидани буҷаи оилаи худ ва некӯаҳволии мардум саҳмгузор бошанд.