БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳадафи аслии ҲХДТ баҳри тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон равона шудааст

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ронанда” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ронанда”, сардори Корхонаи воҳиди давлатии нақлиёти автомобилии мусофиркашии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Лутфуллоев Абдураҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, зимни мулоқот қайд гардид, ки имрӯзҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия ва баробарҳуқуқӣ эълон дошт, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро амалӣ карда истодааст.

Дар ин росто таъкид гардид, ки ҳар як аъзои ҲХДТ-ро мебояд бо дарки масъулияти баланд зери шиори ҳизб сарҷамъ шуда, баҳри пешрафти Ватани азизмон пайваста саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg