БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ БЕҲТАРИН ВОСИТАИ НАҶОТ АЗ БЕМОРИҲОСТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус ва захира намудани маводи ғизоӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар биноҳои баландошёнаи кӯчаҳои Борбад бо усули «хона ба хона»  чорабинии ҳизбӣ доир намуда, ба сокинон варақаҳои иттилоотиро вобаста ба мавзӯҳои  мазкур дастрас намуданд.

Аз тарафи масъулин  қайд гардид, ки шаҳрвандон барои пешгирӣ аз ин бемории хатарнок бояд  дар ҷойҳои серодам аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода карда, қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоянд. Агар мо  чунин тавсияҳоро  сари  вақт иҷро намоем,  метавонем аз ҳама гуна бемориҳои сирояткунанда раҳоӣ ёбем ва ягона роҳи наҷот  риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.
 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg