ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ барои пешгирии бемории коронавирус ва кишти такрорӣ бо сокинони деҳаи Зафаробод чорабинии ҳизбӣ доир намуда, ба онҳо дар бораи масъалаҳои болозикр варақаҳои таблиғотиро бо усули «хона ба хона » дастрас карданд. Инчунин, зимни тақсимоти варақаҳо ба сокинон бори дигар таъкид карданд, ки дар ҷойҳои серодам ниқобҳои муҳофизатиро истифода карда, худ ва дигаронро аз бемориҳои сироятӣ эҳтиёт кунанд.