БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕМОРИИ КОРОНАВИРУСРО МО ТАНҲО ДАР МУТТАҲИДӢ ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Яке аз роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ин саривақт огоҳонидани  шаҳрвандон аз хатари беморӣ мебошад. Бо ин мақсад намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо сокинони деҳаҳои Заркамар ва Охҷари Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев аз рӯи “хона ба хона” суҳбат гузарониданд. Ҳангоми  гузаронидани мулоқот бо дастгирии вакилон роҳу кӯчаҳо бо маҳлули хлордор безарар гардонида шуданд.

Дар робита ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ба ҳар як нафар таъкид карда шуд, ки бемории коронавирусро мо танҳо дар муттаҳидӣ метавонем пешгирӣ намоем. Шӯстани мунтазами дастон бо собун ё ин ки маҳлулҳои антисептикӣ, истифодаи ниқобҳо ва  хӯрокҳои серғизо дар чунин вазъият барои ҳар як нафар ҳатмӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg