ВОКУНИШ. Баъди тамошои филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Хиёнат», ки тариқи шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд, ҳар як тамошобинро ба дунёи андеша ворид месозад.
Бо дидани филми мазкур огоҳ мегардӣ, ки аз тарафи бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон вуҷуд доштанд ва ба зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо оварда расониданду ихтилофу зиддиятҳоро ба миён оварданд, ин собиқ раиси ТТЭ ҲНИ, ҳозира роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирии хиёнаткор мебошад. Ин хоини ватанфурӯш дар тӯли фаъолияти сиёсиаш барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои нопоки худ, на танҳо ба миллату давлат, балки ба пайвандону наздиконаш хиёнат кардааст. Мардуми сарбаланду шарафманди Тоҷикистон, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, шаҳди нокомии ҷангро чашидаанд ва ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки нохалафе чашми бади худро ба сӯи ин миллату ин сарзамини аҷдодӣ кушоянд. Ҳамеша дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, бо меҳнату заҳмати шобонарӯзӣ Ватанамонро ба як гулшани зебои табиат, биҳишти рӯи дунё табдил медиҳанд, то ки хоинону бадхоҳони миллат ба мисли Кабирии ватанфӯруш бинанду ангушти ҳайрат газанд ва донанд, ки ҳеҷ гоҳ бо ҳеҷ гуна сухани пучу бофтаашон ин миллат пароканда намегардаду нисбати Пешвои миллаташон фикрҳои бад низ надоранд.
Намоиши ин филм тавассути шабакаи телевизиони Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ буда, симои манфур, мақсадҳои разилона ва ниятҳои нопоки Кабирию думравонашро ифшо сохта, бо дарназардошти тамоми суханҳои пучу бемаънӣ ва бофта, ки таҳти саробонии мазҳабфурӯшу ватанфурӯши Муҳиддини Кабирӣ ва хоҷагони хориҷиашон қарор доранд, ин миллати ба ҳам дӯсту бародар, ин мардуми шарафманди Тоҷикистон дар зери ливои Парчами миллӣ муттаҳид гардида, аъзову пайравони ин бадхоҳону бадтинатони миллату Ватанро ҳатман бояд решакан намоянд.
Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш