БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУЗАШТАРО ХАТ ЗАДА НАМЕШАВАД

ВОКУНИШ. Ман дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба дунё омадаам. Шоҳиди ҳаёти пурфоҷиаи солҳои 90 – уми асри гузашта нестам. Аз нигоштаҳои таърихнигорон ва шоҳидони воқеа медонам, ки ин мусибати гӯшношунидро ба сари мардуми азияткашидаи тоҷик роҳбарони Ҳизби низҳати ислом ба мақсади иҷрои хостагони хоҷагони худ дар ивази маблағҳои калони аз онҳо гирифта, оварданд.

Ҳаминро медонам, ки роҳбарони хиёнаткори миллату давлат, ки имрӯз аз тарси ҷазо дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурдаанд, худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, ба сӯи давлату миллат санги маломат мезананд.      

Баъди тамошои  филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” аз телвизиони Ҷаҳоннамо аз ҷиноят ва хиёнати содирнамудаи Ҳизби террористӣ – экстремистии наҳзати ислом  ва роҳбарони он ва алахусус, Муҳиддин Кабирии хиёнаткор ба таври возеҳ  огоҳ гардидам.

Дар дунё аз ҳама  бадтарин барои инсон он аст, ки ӯро мардумаш, хешу наздиконаш лаънат хонанд. Шоҳиди он шудем, ки собиқ ҳамкорони ҳизбӣ, ҳамдеҳагон, хешу табори наздики Муҳиддин Кабирӣ ӯро барои хиёнат ба Ватан, миллат лаънат хонданд.

Дар филм бо далелҳои шоҳидони зинда хиёнат ба давлату миллаткардаи Ҳизби наҳзати ислом ва роҳбарони он  оварда шудааст, ки ба ин пасттинатии Кабирӣ, ки барои пулу мол ва мансаб шуда, хизматгори хоҷагони хориҷӣ  гардид, нафрати кас меояд.

Ба Кабирӣ гуфтаниам, гузаштаро хат зада намешавад ва номи ту дар таърих ҳамчун хиёнаткори Ватан сабт гардида, наслҳои оянда ҳам чун имрӯз барои мусибати ба сари мардум овардаатон, барои қатли одамони бегуноҳ, барои гуреза ва хонавйрон гардидани ҳазорҳо одамон ба ту лаънат мехонанд.

Насиба Ҳотамова, мутахассиси шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg