БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАБИРИҲО, БА МАҚСАД НАМЕРАСЕД!

ВОКУНИШ. Роҳбари собиқ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ бо шогирдонаш солҳост, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд ва тамоми маҳорати кордонии худро баҳри айбдоркунии давлату Ҳукумати Тоҷикистон истифода бурда истодаанд. Муҳиддин Кабирӣ бо шогирдонаш гӯё, ки тамоми камбудиҳои ҷойдоштаро дар фаъолияти Ҳукумат нишон дода, баҳри бартарафсозии ин камбудиҳо халқи тоҷикро барои  нотинҷиву нооромӣ роҳнамоӣ карда истодааст. Дар ҳақиқат Муҳиддин Кабирӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун террористи рақами 1 эътироф гардидааст, чунки зомини марги 150000 одамони бегуноҳ дар соли 1992- 1993 ба души Муҳиддин Кабирӣ ва ҲНИ аст. ҲНИ таҳти №79 ба рӯйхати созмонҳои террористӣ дохил шуда, дар ин асос Муҳиддин Кабирӣ ҲНИ-ро ба ташкилоти дигар Паймони миллӣ табдил дод, ки бо иваз кардани ном мақсади ташкилот дигар нашудааст. Дар ҳақиқат Муҳиддин Кабирӣ бо талошҳои бисёрсолаи худ мақсад дорад, ки бо пуштибонӣ аз хоҷагони хориҷии худ дар Тоҷикистон мақоми қаблии  ҲНИ-ро барқарор намояд. Ба хотири расидан ба ин мақсад дурӯғ гуфтан, дассиса андохтан ва вайрон кардани руҳияи одамон, бахсус ҷавонон кори дигаре нест. Дар мубоҳисаҳо Муҳиддин Кабирӣ кӯшиш менамояд, ки худро ватандӯсту ватанпарвар ва ғамхори миллат нишон диҳад, вале афсӯс, ки ин хел нест. Агар Муҳиддин Кабирӣ ватандӯсту ватанпарвар ва миллатдӯст мешуд, тӯли ин солҳо дар Тоҷикистон мебуд. Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаи сайёра миллионҳо одамон гирифтори хавфу хатар, таҳдид, ҷангу низоҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Дар зарфи солҳои охир 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкардаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар одамони осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар ҷойю макони зисташонро тарк кардаанд.

Муҳиддин Кабирӣ як бор бо ҳизбаш ин амалро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол иҷро карда буд, акнун мехоҳад дафъаи дуюм ин амалро иҷро намояд.

-Не, дигар ягон шаҳрванди Тоҷикистон ба гапи шумо бовар намекунад ва шумо бо ин гапу хабарҳоятон обрӯ ва нуфузи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва бахусус, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро паст карда наметавонед.

Тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон  бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳо ноил гаштанд, ки ба садсолаҳо баробар аст. Хуб мешуд, ки Кабириҳо дигар ба бадном кардани давлату Ҳукумати Тоҷикистон машғул нашаванду ба Ватан баргашта, мисли дигар шаҳрвандон бо меҳнати ҳалол баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии Тоҷикистон меҳнат намоянд. Халқи тоҷик таҳти сиёсати Пешвои маҳбуби худ барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнат карда истодаанд ва фақат дар фикри созандагию бунёдкорӣ мебошанд.

Давлатҷон Ғаффорзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg