БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮЗИШ МУФИД ВА БАМАВРИД БУД

ВИЛОЯТ. Дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо иштироки кормандони дастгоҳи   кумитаи вилоятӣ семинари дастурдиҳӣ – омӯзишӣ  баргузор гашт.  Дар он аз ҷониби роҳбари дастгоҳи кумита Наврӯз Ҳусейнзода ба ҳозирин баъзе нозукиҳои гузариши ҳизбӣ, тартиби дурусти бақайдгирӣ ба узвияти ҲХДТ, ҳолатҳои аз сафи ҳизб хориҷ кардан, ҳамчунин тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти ҳаққи узвият ва дигар самтҳои муҳими ин мавзӯъ, ки ҳамарӯза кормандони ҳизб дар фаъолияти худ ба чунин ҳолатҳо сарукор мегиранд, ба иштирокдорон возеҳтар фаҳмонида шуд. Мавсуф аз ҷумла таъкид дошт, ки сарпарастони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо чунин масъалаҳоро зери назорат гирифта, нисбати ҳуҷҷатгузорӣ аҳамияти хоса диҳанд.  

Масъулини кумита ташкил ва баргузории чунин семинарҳои омӯзиширо бамаврид ва муҳим  ҳисобида, оянда дар кумитаи вилоятӣ ва сохторҳои зертобеи он чунин омӯзишҳоро бештар роҳандозӣ карданиянд.

Иштирокдорони чорабинӣ атрофи муаммоҳои ҷойдошта ба суолҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифта, баргузории семинарро дар пешбурди корашон муҳим донистанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg