БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗИНДАГИИ ШОИСТА АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АСОС МЕГИРАД

АНДЕША. Чун мо дар арафаи ҷашни мубораки 23-солагии Ваҳдати миллӣ, санаи муқаддаси таърихии кишвар қарор дорем, набояд фаромӯш кард, ки сулҳу ваҳдат дар ҷумҳурии мо ба осонӣ рӯйи кор наомадааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан бо намояндагони мухолифин дар тӯли панҷ соли муқовиматҳо 21 маротиба мулоқоти расмӣ ва чандин бор суҳбатҳои ғайрирасмӣ анҷом дода, ба имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон асос гузоштанд. Ин санади муҳими таърихӣ ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида,  кишварамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва ватанамонро аз нобасомониву нобудӣ наҷот бахшид ва рӯзи 27 июн ҳамчун Рӯзи  Ваҳдати миллӣ қабул гардид. Ҳоло Рӯзи Ваҳдати миллиро мо бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар вазъияти фараҳбахш ва бо эҳсоси ифтихори баланд бо шарофати сулҳу субот таҷлил менамоем.

Дар тӯли ин солҳо, ки барои миллати сарбаланду  фарҳангпарвари  мо марҳилаи бобарори созандагию пешрафт ба ҳисоб меравад, воқеан ҳам ба дастовардҳои беназир ноил гаштем ва сатҳу сифати зиндагии мардум ба маротиб баланд гардид. 

   Дар заминаи боэътимоди сулҳу оштии миллӣ ва меҳнати пурмаҳсули сокинони вилоят ҳазорҳо иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ сохта, ба истифода дода шуданд ва боз садҳо биноҳои истеҳсолию маишӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли сохтусоз қарор доранд.     

Сарвари хирадманд ва дурандеши мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувваю дониш ва таҷрибаи созандагии хешро барои сулҳу салоҳ, дӯстиву ҳамкорӣ ва рушду нумӯи ватани муқаддаси мо, барои тараққиёт ва нашъунамои он сарф менамояд. Маҳз бо кӯшишу ғайрати пайваста ва муборизаи фидокоронаи ӯ ҷомеаи мо аз парешонӣ ба ваҳдат омад ва ливои сулҳу ваҳдат парафшонӣ кард. 

Ҳамаи ин пешрафтҳоро мо аз баракати Ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва сулҳу суботи пойдор медонем ва натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дастовардҳои мамлакат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ назаррас буда, сатҳи зиндагии мардум зина ба зина баланд шуда истодааст.

Дар ин давра маблағгузорӣ ба соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ сол аз сол афзоиш ёфта истодааст.

Дар баробари ҳамасола доир намудани ин ҷашни муқаддас мо, ҳизбиёнро лозим аст, ки фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро боз ҳам вусъат бахшем. Бо мақсади неруи нав бахшидан ба Ваҳдати миллӣ дар раванди инкишофи минбаъдаи ҷомеа бояд тамоми қувваҳои солими ҷомеаро ба ҳифзу ҳимоя кардан ва таҳким бахшидани ин арзиши муқаддас сафарбар намоем, то ин ки ҳама гуна кӯшишҳои ҷудоиандозӣ, ифротгароӣ ва таҳдиду зӯроварии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии дохилӣ, ки ба майлонҳои маҳалгароӣ замина эҷод мекунанд, аз миён бардошта шаванд.

Неруҳои сиёсии ҷомеа фаъолияти пурсамари худро бояд барои таҳким бахшидани ваҳдату ягонагии байни миллатҳою халқиятҳои гуногуне, ки муқими ҷумҳурии мо мебошанд, равона намуда, ба муттаҳидии қувваҳои солиму ватанхоҳи ҷомеа муваффақ шаванд ва барои ободу шукуфон ва пурқувват гардонидани Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ки ватани маҳбуби ҳамаи мо мебошад,  бештар мусоидат намоянд. 

Ташкилотҳои ҳизбии мо вазифадоранд, ки дар бобати инкишофи бемайлони илму маориф, ғанӣ гардонидани олами ботинии шаҳрвандон, ташаккули мафкураи сиёсӣ, рушди устувори илмҳои соҳавӣ, тарбияи мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва умуман, тарбияи инсони солиму созанда, меҳандӯст ва ҳаматарафа инкишофёфта нақши арзандаи худро гузоранд.

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии моро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои радио ва телевизионии мамлакат ғояҳои Ваҳдати миллӣ, ифтихори давлатдорию соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои Тоҷикистонро ба таври васеъ таблиғ намоянд.   

Мусалламан, Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати миллат мебошад. Бинобар ин онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят кардан вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад.

Н. Иброҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg