БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ВОСИТАИ ХУБИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Баҳодурони Ҷамоати деҳоти Гулистон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, аз варақаҳои иттилоотӣ, барои пешгирӣ аз беморӣ ба мардум тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.

Масъулин дар суҳбат  иброз намуданд, ки то ҳол бештар аз 30 навъи короновирусҳо мавҷуданд, ки ин вирусҳо дар организми парранда, сагу гурба, муш, мор, кӯршапаракҳо, хук, харгӯш ва дигар намуди ҳайвонот инкишоф меёбанд. Хуруҷи коронавирусро олимони соҳаи тиб охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин ба қайд гирифтанд. Дар миёни сироятёфтагон табибон ва кӯдакон низ ҳастанд. Аломатҳои асосии ин беморӣ табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар, дарди гулӯ ва дарди мушакҳо мебошад. Бемории зикршуда аввал нафаскаширо душвор сохта, баъд ба кори шуш халал ворид месозаду дар ҳолати саривақт пешгирӣ накардан, инсонро ба марг оварда мерасонад. Ҳамагон бояд инро бидонанд, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат қодир аст, барои пешгирии ин беморӣ муқовимат нишон диҳад ва мардум бояд ҳамеша эҳтиёткор бошанд ва ба тавсияи табибон гӯш диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg