БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эътимоди шаҳрвандон ба ҲХДТ зиёд гардида истодааст

ЁВОН. Дар доираи баррасии арзу шикоятҳои мардум ва дар самти ҳалли мушкилотҳои онҳо, инчунин расонидани ёрии амалию моддӣ ба шаҳрвандони ноҳия ҳар рӯзи шанбе дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия «Рӯзи қабули шаҳрвандон» баргузор карда мешавад.

Ин ҳафта дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Саёҳат Абдуллоева баргузор гардид. Як гурӯҳ мардуми қабилаи лулитабори ноҳия тавассути ариза барои бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандӣ (шаҳодатномаи таваллуд, шиноснома) ва ба мактаб ҷалб намудани фарзандони онҳо муроҷиат намуданд.

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ муроҷиати лулиён қабул карда шуда, ба унвонии шуъбаи САҲШ-и ноҳия, беморхонаи марказии ноҳия ва ҷамоати деҳоти Обшорон мактуб ирсол карда шуда, рафти иҷрои онро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст. Бештари кӯдакони мардуми қабилаи лӯлиён аз сини 7 то 10 сола бо шаҳодатномаҳои таваллуд таъмин гардида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg