ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷомеа баҳри пешгирии бемории коронавирус аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара чораҳои пешгирикунандаи тарғиботӣ дар мағозаю хонаҳои истиқоматии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Данғара бо усули “хона ба хона” баргузор карда шуд. Масулин вобаста ба ин мавзӯъ ба фурӯшандагон ва харидорон, истиқоматкунандагони ин мавзеъ таъкид карданд, ки гарчанде шиддати ин беморӣ паст шуда бошад ҳам, ҳолоҳам хатари бемории сироятии короновирус ба охир нарасидааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ҷойҳои ҷаъмиятӣ истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намоем то худ ва наздиконамонро гирифтори ин вирус нагардонем.