ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар деҳаи Охҷари Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев аз рӯи усули “хона ба хона” суҳбат гузарониданд. Зимни гузаронидани суҳбатҳо қайд намуданд, ки барои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ доимо қоидаҳои гигиениро риоя намуда, аз хӯрокҳои серғизо истифода баранд. Барои захира намудани маҳсулоти хӯрокворӣ заминҳои наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии худро самаранок истифода намоянд.
Ба ҳар як мусоҳиб фаҳмонида шуд, ки ба овозаҳои бардурӯғ диққат надода, танҳои маълумотҳои заруриро аз ниҳодҳои давлатӣ дастрас намоянд.