БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: ДАСТУРХОНИ ФАРОВОНИ СОКИНОН МАҚСАДИ АСОСИИ МОСТ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар  ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ дар деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бо коллективи меҳнатии Осоишгоҳи Тосқалъа вохӯрӣ гузаронида шуд. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҳангоми гузаронидани ин вохӯрӣ ба кормандони Осоишгоҳ варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуда, ба онҳо нисбати бемории сироятии коронавирус маълумот доданд. Инчунин, таъкид карданд, ки ин беморӣ дар баробари сироят намудани қисме аз аҳолии кураи замин, инчунин ба иқтисодиёти кишварҳои абарқудрат низ зиён овард. Барои то ба эътидол омадани вазъ моро зарур аст, ки қоидаҳои гигиениро риоя намуда,ба дигарон низ тавсия диҳем. Заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода бурда, меваҳои дохилӣ ва беруни хонаро хӯшк намуда, захира намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg