БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Беҳрӯз Бобоев бо гурӯҳи волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар вохӯрӣ анҷом дод. Мақсади асосии вохӯрӣ ҷоннок намудани фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Бохтар, махсусан маҳфили “Волонтёрон”-и нази Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ мебошад. Зимни суҳбат таъкид шуд, ки имрӯз волонтёрон дар ҳаёту фаъолияти ҷомеа фаъолона иштирок намуда, кумакрасони тамоми соҳаҳои кишвар гардидаанд. Моро лозим аст, ки дар ин давраи барои давлату миллат ҳассос ва дар оянда низ фаъолияти волонтёриро дар маркази вилояти Хатлон ҷоннок намуда, шумораи ихтиёриёрон аз ҳисоби ҷавонон зиёд намоем.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои бастани шартнома миёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва ихтиёриён, мустаҳкам намудани робитаи волонтёрон ташкилоти ҷалбкунанда, ташкил намудани аксия ва дигар ҷорабиниҳо аз ҷониби волонтёрон ва дигар масъалаҳо муҳокима гардида, барои ҳаллу фасли масъалаҳои мавҷуда дар самти фаъолияти маҳфили “Волонтёрон” дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Бояд гуфт, ки дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар маҳфили “Волонтёрон” ташкил гардида, дар он 10 нафар ихтиёриёни ҷавон аз ҳисоби донишҷӯёни коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагони ташкил карда шудааст.