БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗДИДИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТӢ АЗ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ДӮСТӢ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Самти дигари корҳои фаҳмондадиҳӣ гурӯҳи тарғиботӣ аз ҳисоби фаъолони шаҳри Бохтар ин санҷиши ҳолати самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва фермерӣ аз ҷониби сокинон мебошад. Имрӯз гурӯҳи тарғиботӣ бо ин мақсад аз маҳаллаи Дӯстии шаҳр дидан ба амал оварда, аз ҳолати истифодабарии заминҳо шинос шуданд. Сокинони маҳаллаи мазкур ҳар ваҷаб замини дар ихтиёрашон бударо мақсаднок истифода бурда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон заҳмат кашида истодаанд. Муайян карда шуд, ки қисмате аз кишварзон аллакай ҳосил якумро ҷамъоварӣ намуда, заминҳоро барои кишти такрорь омода карда истодаанд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзон доир ба кишти ғалладонагӣ, макаи дон, маҳсулоти лӯбиёгӣ ва ғайра маслиҳатҳои муфид дод.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 30 май дар ноҳияи Данғара баён дошта буданд, дар асоси супориши раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар шаҳр гурӯҳи тарғиботӣ таъсис ёфта, дар он намояндагони тамоми мақомоти дахлдори шаҳрӣ шомил буда, гурӯҳи корӣ ҳамарӯза дар маҳаллаҳои шаҳри Бохтар бо сокинон вохӯрӣ гузаронида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg