БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЁНАТ НОБАХШИДАНИСТ!

ВОКУНИШ. Ҷиноятҳои мудҳише, ки ТЭТ ҲНИ ба мардуми кишвар кардааст, нобахшиданист. Дар солҳои навадуми қарни 20 ҳизбу ҳаракатҳое рӯи саҳнаи сиёсат омаданд, ки манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳи, маҳалгароӣ ва мазҳабию динии худро дар мадди аввал мегузоштанд ва муқаддасоти Ватан барои онҳо арзише надошт. Ин ҳизби хиёнаткору тундрав бо дастгирии “хоҷаҳои бурунмарзиашон” зери ливои ислом мардумро ба таҳлука андохта, онҳоро ба майдонҳо кашиданд. Мардуми оддӣ ба васвасаҳо бовар карда, ба ваъдаҳои беасоси онҳо - “Ояндаи дурахшони Тоҷикистон!” умед мебастанд. Саркардагони ин ҳизб барои молу пул шуда, мазҳаби муқаддаси худро фурӯхта ба мазҳаби бегона шомил шуданд. Шумо қазоват кунед, ки агар шахс мазҳаби худро  ба дорогии дунё фурӯшад, ба чӣ кор қодир аст...? Албатта, фурӯхтани меҳан барои ӯ як  тангаи пучаке ҳам  арзиш надорад.

Банда ба воситаи шабакаи телевизиони “Баҳористон” филми мустанади “Хиёнат”-ро тамошо мекунаду пеши назараш ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри 20 пайдо мешавад. Ҳамон ашхосе, ки асосгузори ин ҳизби террористию экстремистӣ буданд, имрӯз аз кардаи худ пушаймонӣ арз мекунанду Ватани худро биҳишти рӯи замин мепиндоранд, пас чаро он вақт ин қадар ҷавонони бегуноҳу гумроҳро ба доми марг кашиданд? Чаро бархе аз онҳо берун аз марзи кишвар то кунун дассисаю иғвогариҳои худро бас накардаанд? Мо ҳеҷ гоҳ хиёнати ин ҳизби террористиро фаромӯш нахоҳем кард, чунки мо имрӯз чӣ будану чӣ мақсад доштани ҲНИ-ро ба хубӣ дарк мекунем. Гарчанде ки  таъсисгарону пайравони ин ҳизб номи онро дигар карда бошанд ҳам,  мехоҳанд ба чашми мардуми оддӣ хок пошанд, лек мо  имрӯз сафедро аз сиёҳ   фарқ мекунем. Агар шахс иштибоҳ карда бошад, амали ӯ бахшиданист, вале хиёнатро на Худо ва на қонун намебахшад.

Файзизода Каримҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Панҷ     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg