БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФИЛМ БО НОМИ “ХИЁНАТ” НИҚОБИ АСЛИИ КАБИРИИ ХИЁНАТПЕШАРО БОРИ ДИГАР ОШКОР СОХТ

ВОКУНИШ. Воқеан ҳам баъди тамошои филми ҳуҷҷатӣ  бо номи “Хиёнат”, ки тариқи  шабакаи  телевизиони  Тоҷикистон  пахш  гардида  буд, хоҳ нохоҳ ҳар  бинандаи  филми  мазкурро  ба  андешае  водор  месозад.

Аз  ҷараёни филм огоҳ мегардӣ, ки   аз  ҷониби  бархе  ҳизбу  ҳаракатҳои  сиёсӣ  дар  замони соҳибистиқлолии давлатамон,ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳо вуҷуд дошта , ин ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои  номатлубу  хатарафзо  оварда  расонидааст,ки дар он нақши асосиро  собиқ  раиси  ТТЭ  ҲНИ, ҳозира  роҳбари Паймони миллӣ Муҳиддин  Кабирӣ бозида, тӯли фаъолияти сиёсиаш, баҳри расидан ба ҳадафҳои  ниҳоиаш,   на танҳо  ба  миллату  давлат, балки  ба хешу пайвандон  ва  наздиконаш  хиёнат  кардаву  обрӯ  ва  ҷони  онҳоро дар хатар мондааст.

Асосан бо дарназардошти иқрори яке аз саркардагони ТЭТ ҲНИ Аёмиддин  Сатторов  дар  намоиши  телевизионии  «Бозгашт  аз ҷаҳаннам» ва ҳодисаи  рух додаи  ноҷавонмардонаи  гурӯҳи  ҷавононе, ки бо таъсири ана  ҳамин ТЭТ  ҲНИ ва хоҷагони  хориҷиашон  даст  ба  кирдори  қотилона задаву, сайёҳони хориҷиро қасдан зер намуда, чаҳор  нафари  онҳоро  ба қатл расониданд, мо  мардуми  Тоҷикистон  муттаҳид  гардида,  аъзову  пайравони  ин бадхоҳону  бадтинатони  миллату Ватанро, ки  таҳти саробонии хоину мазҳабфурӯши Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагони хориҷиашон  қарор доранд,  ҳатман  бояд  решаканашон  намоем.

Агар диндориро мешуд аз хун озмоиш кард,
Басо кофар буди ошкор бо исми мусалмонӣ...

Мусаллам аст, ки  китоби муқаддаси “Қуръон”, ҳадисҳо ва тамоми аҳкому аркони Ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, озодӣ бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул,оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми давраҳои зиндагӣ таъкид намудааст. Ислом-дини сулҳу салоҳ ва бародарист на барқасдиву бетаҳаммулӣ.

Тамошои филми мазкур фошу тасдиқ намуд,ки маҳз Муҳиддин  Кабирӣ худаш як мусулмони ҳақиқӣ нест, ки зоҳиру ботинаш ба Ислом мувофиқ бошад ва   бинандаи ин филми мустанадии телевизионӣ бо номи “Хиёнат”  бояд худ қазоват кунад, ки баъди ин қадар хиёнату ҳадафҳои нопоку разилонааш, чӣ гуна ӯро сафеду пуштибонӣ карда,  боз ӯро ҳурмат намоем.

Кабирии хоин бидон,ки ба ту барин мазҳабфурӯшон бузургон гуфтаанд:

Ҳазор сола раҳест аз ту то мусулмонӣ,

Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

Муҳаммадовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg