ВОКУНИШ. Дар ҷаҳон ҳарчанд вазъ ноором ба назар мерасад, муноқишаҳои мазҳабиву миллӣ рӯ ба афзоиш аст, ифтихори мо, тоҷикон дар он аст, ки дастоварди бузурги таърихиамон - сулҳ ва Ваҳдати миллӣ афзунтар мегардад.
Моро мебояд, ки бештар ба қадри сулҳу ваҳдат ва ҳамбастагиву ягонагии ин миллату ин давлати азизамон бирасем. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз ба кишвари тинҷу ором, ободу зебо мубаддал гардида, дар арсаи ҷаҳон шинохта шудааст. Мардуми шарифи кишвар дар фазои сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ бо арҷгузорӣ аз хизматҳои шоистаи роҳбарияти олии кишвар умр ба сар мебаранд. Самараи неки Истиқлол аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст, ки боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар аст. Мо бояд аз тақдири неки хеш шукргузор бошем. Вале ҳастанд нафароне, ки дучори таассубу нодонӣ гашта, ба файзу нусрат ва пешрафти Ватани маҳбубамон ба назари бад менигаранд, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидааст. Дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар гуна баромадҳояшон худро ғамхору адолатпарвар нишон дода, бо ин восита мехоҳанд, сафи ҳаммаслакони худро зиёд гардонанд. Имрӯз мардуми тоҷик хуб дарк кардааст, ки мақсади ин тоифа пок нест. Бояд қайд намуд, ки давлату ҳукумат тӯли соҳибистиқлолии худ онҳоеро, ки раҳгумзада ва фирефтаи найрангҳои мухолифин гардида, ба кирдорҳои нохалафона даст зада буданд, чандин маротиба бахшидааст. Бояд қайд кард, ки халқ хидматҳои таърихии сулҳофаронро медонаду қадр менамояд. Тири муғризонаи он бадхоҳон ҳамеша хок мехӯрад. Вале боз ҳам тӯли ин қадар сол аз ин амали бесамари хеш даст намекашанд. Қаҳрамонони сулҳу осоиши тоҷикон мардони асили ватандӯсту ҷонфидо бо қимати ҷон ба хатари марг нигоҳ накарда, моро ба имрӯз расонидаанд. Имрӯз мардуми бохиради мо сулҳро нигоҳ хоҳад дошт ва ба осонӣ аз даст нахоҳад дод. Ногуфта намонад имрӯз ҳастанд хоинони ватанфурӯши кӯрнамак, ки аз марзи Ватан берун истода, мехоҳанд Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати сартосариро дар кишвари мо халалдор созанд. Яке аз чунин нафарон дар замони муосир собиқ роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони гумроҳашанд, ки шармандавор дар байни мамолики хориҷӣ миллати тоҷикро мазаммат карда, асолати худро ба андак ваъдаҳои хоҷагони хориҷиашон фурӯхта истодаанд. Дар ягон китобҳои исломӣ, ҳадисҳо, оятҳои қуръонӣ наомадааст, ки дар рӯи замин фасод кунед, иғво андозед, ғайбат кунед, нисбати Ватан хоинона сар бардоред, чашми бадбин, туҳмати ноҳақ нисбати бародари муслим дошта бошед.
Муттаҳидии мо ин ояндаи мо, бақои миллат, давлат, якпорчагӣ ва он зиндагии пурсаодати имрӯз ва фардои мост. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон ба қадри обу хоки Ватан, сулҳу оромӣ нарасида, ба гурӯҳҳои тундгаро ва террористӣ шомил мегарданд, обрӯи оила ва миллатро мерезонанд, ки оқибаташ пушаймонист. Гузашта аз ин баяд қайд кард, ки Тоҷикистони азизи мо ба мувафаққиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Таҳким бахшидан ба сулҳ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик.!
Сомонзода Давлаталӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун