БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби пешбаранда ва нерӯи муттаҳидсози ҷомеаи навин

ТЕМУРМАЛИК. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия  Абдуллоев Эмомалӣ бо сокинони деҳаи Маъмурдашти ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Ќармишев  баргузор гардид.

Дар мулоқот Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фаҳмонид.  

Дар рафти суханронӣ мавсуф оид ба пешниҳоди арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» маълумоти муфассал  дод.

Инчунин, доир ба масъалаҳои баррасишуда сокинони деҳа Абдуназаров Завқибек ва Ғозиев Искандар андешаҳои худро баён намуда, хоҳиш карданд, ки онҳоро ба сафи аъзогии ЊХДТ қабул намоянд.

Ҳамзамон, дар деҳа ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, сокини деҳаи номбурда   Абдуназаров Завқибек раиси ташкилоти навтаъсис интихоб гардид.                

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg