БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАТОНАТУ ҶАСОРАТ ВА ДАЛЕРИЮ ШУҶОАТ АСОСИ КОМИЁБИҲО БАР НОКОМИСТ

ВОКУНИШ. Дарвоқеъ инсон мавҷудест, ки ба ҳама нокомиҳои ҳаёт бо матонату ҷасорат ва далерию шуҷоат мубориза бурда, метавонад ба қуллаҳои муроду  мақсуди хеш расида, нокомиҳои ҳаётро ба комёбиҳои назарас табдил диҳад. Ба ин хотир ҳар як  сокини мамлакатро зарур аст, ки дар ин давраи ҳассоси ҳаётӣ, ҳолати кунунии ҷаҳони имрӯза,  яъне сироятёбии сокинони сайёра ба бемории короновирус  ба ноумедӣ роҳ надиҳанд. Чунки асоси ноумедӣ шикасти хеш ва пайвандон  буда, инсонро ба гумроҳӣ мувоҷеҳ мегардонад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аз рӯзи ба қайд гирифтани бемории сироятии короновирус дар мамлакат  баъзе  сокинони кишвар  рӯҳафтода  гардида, ба зиндагӣ дилсардона рафтор карданӣ шуданд. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд сохт, ки вақте, ки инсон дар рӯи замин аст  ва бо ҳастии ӯ  ғаму шодӣ, дарду андӯҳ, хурсандию нокомӣ ҳамроҳияш менамояд. Аммо мо бояд дар ин рӯзгори пурпечутоб, таззод  зуд қазоват набояд кард. Дар зиндагӣ ҳар як инсон пастию баландӣ, гармию сардӣ ва ширинию талхиро таҷриба карда, аз он ибрате  ва пандеро  бо худ гирифта ва худи зиндагӣ ва ҳаёт аст, ки инсонро тарбия месозад. Имрӯз  ҳар  яки  мо бояд фаромӯш насозем ва набояд сохт, ки зиндагӣ худ мубориза аст ва  мо бояд муборизону мушоҳидони ҳаёти он буда, барои фардои дурахшон ва муҳофизати Ватани аҷдодиамон- Тоҷикистон аз ҳама хатарҳои замон омода ва мубориза барем.

Ба ҳар яки мо маълум аст, ки давлату Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми талоши хешро барои сиҳатии сокинони мамлакатамон ба кор бурда, шароити арзандаро муҳайё гардонидаанд. Баҳри  пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновирус тамоми чораҳои заруриро дар мамлакат роҳандозӣ намуда, дар ин замина як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

Аз ин рӯ,  барои пешгирӣ ва мубориза бо  бемории сироятии короновирус натанҳо давлату ҳукумат вазифадор аст, балки ҳар як сокини кишвар бояд бо тамоми хислатҳои наҷиби инсонӣ ва вазифаи ҷонии худ барои солимии худ ва атрофиёнаш тарғибгари тарзи ҳаёти солим бошад ва  ҳама дастаҷаъмона бар зиддӣ ин вабо бо матонату ҷасорат ва далерию  шуҷоат мубориза бояд бурд.

Ба ҳар ҳол пастию баландии зиндагӣ хоҳу нохоҳ дар руҳияи инсон осоре мегузорад. Лек, инсони рӯшанфикр метавонад  бо талошҳои пайваста  ва созанда барои пешрафт ва зиндагии  шоиста  кӯшиш намуда,тамоми нокомиҳои ҳаётро бо ақлу иродаи қавӣ ва бо сарбаландӣ паси сар менамояд.

Маҳз аз ин шароити ба вуҷуд омада як зумра назҳатиёни хиёнатпеша мехоҳанд бо тарғиби фарҳангу андешаи бегона ва ба низоъу тафриқа овардани миллати тоҷик пояҳои Истиқлолияти давлатиро заиф созанд.

Аммо, як чизро онҳо фаромӯш сохтаанд, ки ин миллати фарҳангсолору асолатпеша як дарси бузург аз солҳои навадум барои худ гирифтаанд ва  ҳеҷ гоҳ дубора ба ҳеҷ як нохалаф ва ватанфурӯш иҷозат намедиҳанд, ки оромию осудагӣ, сулҳу Ваҳдат ва Истиқлолияти давлатии хешро дубора аз даст диҳанд. Бояд қайд намоям, ки солҳои сол аст, ки ин ватанфурӯшон кӯшиш менамоянд, ки аз ҳар як давраи ҳассоси ҳаёт истифода намуда, марудмро сарнагуну гумроҳ ва давлатро ноором созанд. Вале, онҳо ҳеҷгоҳ ба мақсадҳои нопоки хеш намерасанд ва гуфтаниям, ки хиёнат бар Ватан гуноҳи нобахшиданист ва ҳеҷ як шахси хиёнаткор дар ҷомеа на қадуру қиммате ва на манзалате дошта, онро ҳамчун шахси хиёнаткор дар ҷомеа шинохта, амалҳои ноҷавонмардона ва ҷоҳилонаи онҳоро ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик нахоҳад бахшид. Бинобар ин мо ҷавононро лозим аст, ки ҳушёр бошем, то дучори нақшаҳои  разилона  ва ҳиллагарони гумроҳкунандаи  гуногун, хусусан назҳатиён нашавем. Чунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд: «…Ҷавонони мо бояд зиракии  сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи Ватани азизамон -Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд».

Мо, ҷавонон  дар он назарем, ки   пеш аз ҳама фирефтаи гуфтору амалҳои ин гурӯҳҳои мухолифин намегардем, балки ба ҳамаи гуфтору рафтори онҳо бо назари воқеъбинона баҳои даркорӣ  диҳем.

Дар навбати худ ман ҳамчун як ҷавон аз ҳамаи ҷавонони саодатманди кишварамон даъват ба амал меорам, ки имрӯз ҳар яки мо бояд дар ин  давраи ҳассоси зиндагии ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳамеша зираку ҳушёр бошем, ба оянда бо назари нек нигарему саодатмандии рӯзгору амнияти  кишвари азизамонро ҳифз намуда, дар бунёдкориву созандагии Ватани худ саҳми муносиб гузорем.Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, алалхусус Тоҷикистон ҷавононро як нерӯи созанда, ободкор ва пешбарандаи ҷомеа меҳисобанд.Аз ин рӯ умеди миллату давлат, ки ба мо, ҷавонон аст, пайваста кӯшиш  намоем, ки  мубориза бурдан бар зидди тамоми зуҳуроти номатлуб аз ҷумла, терроризму экстремизмро  шиори ҳаррӯзаи ҳар як ҷавон гардонем.

Инро шароити мураккаб ва печидаи вазъи сиёсии ҷаҳон аз ҳар яки мо ҷавонон бо таври қотеъона талаб менамояд.

Муродова Марҷона, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон                                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg