ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баҳри фаъолияти устувори маҳфилҳои волонтёрӣ, мунтазам тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида мешаванд.
Аз ҷумла, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо мақсади таъмин намудани фаъолияти устувори маҳфилҳо, дирӯз бо иқдоми Шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб видео – машварат бо масъулон ва волонтёрони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант ва Кӯшониён баргузор гардид. Дар рафти видео-машварат бо волонётрон вобаста ба механизмҳои корбарӣ дар фаъолияти минбаъда, қабули нақшаҳои корӣ, фаъолнокӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ташкили кори маҳфилҳо суҳбат карда шуд.
Ҳамчунин, аз ҷониби волонтёрон дархосту пешниҳодҳои мушаххас дар ин самт баён гардида, чунин видео – машваратҳо то 22 июн бо волонтёрони дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баргузор карда мешаванд.