БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР -МАШВАРАТИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин семинар- машварати ҳизбӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Миралиён Қиёмиддин бо аъзои фаъоли ҳизб ва раисони Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор карда шуд.

Семинар-машваратро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Назарзода Толибҷон ҳусни оғоз бахшида, мақсади баргузории чорабиниро ба ҳамагон  фаҳмонид.  Сипас, Миралиён Қиёмиддин  дар доираи  амалишавии ҳадафҳои  барномавии ҳизб дар муҳлатҳои муайянгардида, татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!», вусъат бахшидани  корҳои созандагиву ободонӣ дар сатҳи маҳал баҳри расидан ба зиндагии шоиста ва амалишавии иқдому ташаббусҳои пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  суханронӣ намуд.

Инчунин, мавсуф баҳри  беҳтару хубтар ба роҳ мондани вусъатёбии корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сатҳи деҳаву  маҳаллаҳо ва рушди мақомоти худфаъолиятии маҳал  дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  риояи гигиенаи шахсӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо лоиҳаҳои ангоравии камхарчи замонавии  сохтани бинои махсус дар маҳал, ҷиҳати ба маърази тамошо гузоштани ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи ҳар як деҳаву маҳаллаҳо ва  сохтани  ҳоҷатхонаву ҳаммоми ба таври дренажӣ  маслиҳатҳои муфид дода, роҳҳои расидан ба шароити арзандаи зиндагиро возеҳу равшан  арзёбӣ намуд.

Иштирокдорон ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, аз семинар-машварат изҳори қаноатмандӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg