БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАР ЧАШМАИ ЗОЯНДА ВА ДАВЛАТИ ПОЯНДА АСТ

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ. Аслан  деҳот макони ҳунару ҳунармандон ба шумор  меравад.  

Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин занону духтарони ҳунарманд ҳам кам  нестанд.  Яке аз он занони ҳунарманд, зода ва сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Ҷамоати деҳоти Шӯрообод, маҳаллаи Ҷавонон Суфиева Авзалбӣ мебошад.

Меҳри ҳунар дар дили Авзалбӣ аз овони наврасӣ  пайдо гашта, то имрӯз  ҳунарҳояшро  сайқал дода,  ба мардум хизмат карда истодааст.

Апаи Авзалбӣ дар қатори кору фаъолияташ дар яке аз муассисаи давлатӣ ва анҷоми корҳои хоҷагии оилааш боз ба қаламкашӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, шерозбофию боз якчанд  ҳунари дигар машғул мебошад.

Рӯзҳои иду ҷашнвора ва чорабинию  ҷамъомадҳо нақши қаламзада ва куртаҳои чакани дӯхтаи ӯ  ба тани пиру барно ва кӯдакон   зебу зиннати   хосса мебахшад ва ба чащмон нуру ба дилҳо  фараҳ  меафзояд.

Азбаски соли соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ”  ва   солҳои 2019-2021  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  эълон гардидааст,  талабот ба чакану чакандӯзӣ ва куртаю тоқӣ ва шерозаю дигар намуди чакан дар байни аҳолӣ зиёд шуда иистодааст. Аз ин рӯ, мизоҷон аз апаи Авзалбӣ  куртаю тоқии гулдӯзӣ дархост мекунанд. Апаи Авзалбӣ  бошад  гарчанде, ки  имрӯзҳо  бисёр серташвиш аст бар замми ин дархости талабгоронро бечунучаро  иҷро мекунад. Нархгузорӣ  барои мизоҷон дастрас буда, мувофиқи  замона  нархгузорӣ карда мешавад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg