А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ фаъолияти навбатии худро дар самти муқовимат бо бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои назди ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ ва ҳолати коргузориву ҳуҷҷатнигории ташкилотҳои ибтидоӣ роҳандозӣ намуд.
Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” хониши сиёсӣ доир гардида, масъалаҳои муқовимат бо бемории “Ковид -19” ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам, боғҳои назди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигию дигар заминҳои корам мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Намояндагон аз фаъолияти муассисаҳои таълимии ноҳия оид ба масъалаҳои мазкур дидан намуда, фаъолияти узви фаъоли ҲХДТ аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 62-и ноҳияро дар самти пешгирию муқовимат бо бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳо сифатан олӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, намояндагон дар ин муассиса механизми хушконидани ҳама намуди меваҳоро дида, таъмин гардидани кормандони ин муассиса бо меваҷоти тару тоза ва меваи хушкро иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва намунаи ибрат барои дигар ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизбӣ донистанд.
Дар рафти мулоқотҳо ба ҳамагон варақаҳои иттилоотӣ оид ба муқовимат бо бемории сироятии коронавирус дастрас гардонида шуд.