БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОГОҲӢ МУШКИЛОТРО ҲАЛ МЕКУНАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ. Пешгирӣ  аз   бемории  коронавирус  вазифаи  ҳар  як  фарди  ҷомеа  ба  ҳисоб  меравад. Ҷиҳати пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро   бо усули «хона ба хона» ва дар  саҳро  бо саҳмдорони хоҷагиҳои  деҳқонӣ баргузор намуда истодаанд.

Ин навбат  гурӯҳи  корӣ  дар  маҳаллаи  20-  солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷамоати деҳоти Фирӯза   бо  мақсади  огоҳ  намудани сокинон ҷиҳати пешгирӣ  аз  коронавирус чорабинӣ доир карда, таъкид намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон нигоҳ доранд ва барои истифода варақаҳои  иттиллотӣ ва муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим карданд.

Инчунин, моҳияти истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, заминҳои  президентӣ  ва кишти такрорӣ ба дарки ҳамагон расонида шуда,   даъват карда шуд, ки ягон  ваҷаб заминҳои  дар  ихтиёрашон    бударо  вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир холӣ намонанд.

Дар охир ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ ва маҳлулҳои безараргардонӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg