БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ ҶОМЕА БОИГАРИИ ДАВЛАТ АСТ

АНДЕША. Имрӯз бо сабаби пайдо шудани бемории сироятии коронавирус ҷомеа носолим буда, вирусшиносон бештару бештар дар бораи роҳҳои аз байн бурдани ин бемории хавфнок  кӯшиш намуда истодаанд. Як тараф беморӣ ва  як тараф дигар бекорӣ хоҳ нохоҳ ба зиндагии одамон, пешрафту тараққиёти давлат таъсири  манфӣ мерасонад. Дар чунин шароит ва ҳолат ҳар кас бояд ба ҳифзи саломатии худ беш аз пеш аҳамият диҳад.   Зеро саломатии ҳар кас дар дасти худи ӯст. Мутаассифона,  на ҳама аз рӯи ин гуфтаҳо амал мекунанд. Ба шахсоне вомехӯрӣ, ки ба  фоидааш гап занӣ, дар ҷавоб сухане мешунавӣ, ки гӯё ба одами зинда не, балки ба девор гап зада бошӣ. Мо алакай шоҳиди талафоти ҷонии бемории хатарноки коронавирус  шудем. Оё ин талафот бароямон дарси ибрат нест? Барои он, ки ба сари худ ва оилаамон бо сабаби ин беморӣ мусибат наояд, бепарвоиро як сӯ гузошта, ба гуфтаи табибон, мутахассисони соҳа, ки  роҳҳои пешгирии ин бемориро мефаҳмонанд, варақаҳои иттилоотӣ дастрасатон мегардонад, амал намоем.  Дар хотир дошта бошед, ки бемориро аз табобаташ дида, пешгириаш осон ва арзон аст ва фаромӯш накунед, ки эҳтиёт ними ҳаёт аст.

Олимхӯҷа Олимов, узви гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Ховалинг   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg