БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ.

Раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар қатори дигар таблиғотчиён ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирӣ аз бемории коронавирус ва истифодаи самараноки замин фаъолияти пурсамар доранд.

Раиси ташкилоти ибтидоии “Зардакӣ”-и аз Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо Ҳотам Эмомов, ки яке аз раисони фаъолу ташаббускор ба ҳисоб меравад,  бо дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  бо тариқи “хона ба хона” миёни  сокинон мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ  бурда,  ба онҳо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба омодагиҳо ба тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 ҷиҳати захираи маводи хӯрокворӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим, чи тавре дар боло ишора гардид, роҳҳои пешгирии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки замин,  фаҳмонид.

Натиҷаи чунин фаъолияти пурсамари раиси ташкилот ва дигар фаъолони ҳизб аст, ки сокинони деҳ аз заминҳои дар ихтиёрдоштаашон пурсамар истифода намуда, имрӯзҳо дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани нигоҳубин  ва обу ғизодиҳии маҳсулоти киштнамудаи худ кӯшиш бар он доранд,   ки аз подоши меҳнаташон ҳосили дилхоҳ ба каф биоранд.     

Дар суҳбат Ҳотам Эмомов ба мудири шуъбаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия И.  Саидмаҳмудов  қайд намуд, ки бо дастгирии ду нафар шогирдонаш тавонистааст ба 57 нафар оилаҳои ниёзманд бо додани маводӣ ғизоӣ дасти кумак дароз намояд. 

Агар раисони ташкилотҳои ибтидоӣ аз фаъолияти Ҳотам Эмомов ибрат гирифта, ба он дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайравӣ менамуданд, нуфузи дигар  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар деҳот чун ташкилоти ибтидоии “Зардакӣ” хело боло мерафт. 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg