БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳал баҳри беҳбудии рӯзгори сокинон

ПАНҶ. Бо истиқоматкунандагони деҳаи хоҷагии Панҷи  ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  Шомаҳмадзода Музаффар ва Холов Диловар вобаста ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои созандаи он, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуданд.

Масъулин дар вохӯрӣ оид ба масъалаҳои болозикр  ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карданд.

Иштирокдорон суханрониҳои масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ваъда доданд, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ  ва корҳои созандагиву бунёдкории Ватан саҳми муносиби хешро хоҳанд гузошт.

Дар ин росто дар деҳаи хоҷагии Панҷ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Кӯҳсор» таъсис дода, дар асоси пешниҳоди сокинони деҳа шахси фаъолу масъулиятшинос Ҳамидов Султон раиси ташкилоти ибтидоии навтаъсис интихоб гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg