БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРЧАШМАИ ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳое ҳастанд, ки онҳо аз назари арзиш ва моҳияти таърихӣ ҳамто надоранд ва барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун чароғи раҳнамо ва ҳидоят хидмат менамоянд. Барои миллати сарбаланду сарафрози тоҷик чунин саҳифаи заррин рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки он санаи 27-уми июни соли 1997 ҳамчун санаи муборак ва тақдирсоз сабт ёфтааст. Бе муҳобо маҳз ба туфайли ин неъмати бузург ва муқаддас, ки иттиҳоди миллӣ унвон дорад, заминаи ҳамаи пешрафту комёбиҳои давлат ва саодату рӯзгори халқамон гардид. Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Ваҳдати миллӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Мо ин ҷашни муқаддаси миллиро бояд чун гавҳараки чашм пос дорем, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз кунем.

Агар ба солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон нигарем, мебинем, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистон дар вартаи аз байн рафтан қарор дошт. Дар марҳилаи аввали ҷанг тарафҳои даргир дар бораи сулҳу созиш, таҳаммулпазирӣ, якдигарфаҳмӣ умуман андеша намекарданд. Хушбахтона баъди баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ақли солим ғалаба кард, барқароркунии қонуният ва адолат дар кишвар шурӯъ шуд, ҳукумат неруву қувват пайдо кард. Ҳамчун сарвари давлат интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон шуълаи умедро ба ояндаи неки кишвар фурӯзон кард.

Махсусан аз забони Пешвои миллат борҳо таъкид мешавад, ки набояд мероси илмию фарҳангии мо парешон гардаду ба дасти бегонагон афтад. Зеро маҳз ин мероси маънавӣ дар баланд шудани маънавиёти мардум нақш мебозад ва танҳо миллати соҳибмаърифату соҳибкитоб метавонад дар заминаи дурдонаҳои ниёгонаш ҷомеаро пайваста ба дӯстӣ, иттифоқу ягонагӣ, ҳамзистӣ ва ҳусни тафоҳум даъват созад. Ин аст, ки халқи мо аз қадимулайём то имрӯз ҷудоиву тафриқаангезиро маҳкум менамояд, тавҳиду ягонагиро ситоиш месозад ва баҳри ноил шудан ба саодати иҷтимоӣ кӯшиш мекунад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат моҳият ва мафҳуми ваҳдати миллиро ҳамчун инъикосу ифодаи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии тамоми шаҳрвандон дар сатҳи кишвар муаррифӣ мекунад ва чунин таҳаввули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон медиҳад, ки он ба ҳайси як унсури муҳимтарини худшиносии милӣ дар байни ҷомеа ҳар чӣ бештар густариш намояд. Ваҳдати миллӣ бемуҳобо маҳсули андешаи миллии мост, зеро маҳз андеша ва ҳувияти миллӣ мардуми моро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор намояд ва якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз созад. 

Азимҷон Расулов корманди КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg