БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯК ВАҶАБ ЗАМИНИ ЗАРХЕЗАМОНРО БЕКОР ВА ХОЛӢ НАМЕГУЗОРЕМ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфииатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва истифодабарии ҳар як ваҷаб замин барои таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муҳим андешида, бо мақсади он, ки мардум оид ба масъалаҳои зикршуда маълумоти бештар дошта бошанд, ҳамарӯза бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба гузаронида  мешавад.               

Чунин як чорабинии судманд аз ҷониби масъулини ҳизб ва вакили Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев Ҳасанов Абдураҳим дар деҳаи Қушқияи болои Ҷамоати деҳоти мазкур доир карда шуд. Зимни чорабиниҳои мақсаднок дар хонаи яке аз шаҳрвандон Юсупова Малика баъди гирифтани ҳосили картошка, кишти такрорӣ роҳандозӣ карда шуда, ба коштани помидор ва бодиринг оғоз намудааст.

Ҳамзамон, ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои зикршуда дастрас гардида, таъкид карда шуд, ки барои самаранок истифода бурдани замин ва ба даст овардани фоидаи зиёдтар аз ҳар яки мо тақозо мегардад, ки ягон ваҷаб заминро бекор намонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg