БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: ЗАМИН БОИГАРИИ АСОСИИ МАМЛАКАТИ МОСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Истифодаи самараноки ҳар порча замин боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм мегузорад. Ин тадбир аз ҷониби аҳолии шаҳри Норак низ ба роҳ монда шудааст.

Сокини шаҳри Норак собиқадори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдулло Ёровро на танҳо дар шаҳри Норак, балки дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамчун шахси ботаҷриба, кордону муваффақ ва  собиқадори меҳнат мешиносанд.  Дар тӯли фаъолияти кории худ Абдулло Ёров ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Номбурда  аз таҷрибаи пешқадам истифода намуда, ҳар порча заминро тибқи талабот пурсамар истифода менамояд ва аз ҳосили ба даст овардаи худ қаноатманд аст.

Устод Абдулло Ёров, дар гармхонаҳои таъсисдодаи худ зиёда аз 100 бех ниҳоли лимӯ ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ парвариш намудааст, ки ҳамасола ҳосили хуб ба бор меоранд. Бо назардошти фоидаовар будани парвариши сабзавот ва лимӯ дар гармхонаҳо Абдулло Ёров тасмим гирифтааст, ки оянда низ ин соҳаро рушд дода,  ҳаҷми истеҳсоли лимӯро зиёд намояд ва  аз он фоидаи хуб ба даст орад. Таҷрибаи ин марди асил боиси дастгирӣ буда, дигаронро низ мебояд ба истифодаи самараноки замин эътибор дода, натанҳо дар таъминоти аҳли оилаи худ бо сабзавоти ниёзи аввал, балки ба амнияти озуқавории кишвар саҳм гузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки: “Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ,  ояндаи халқи Тоҷикистони азизамон  аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст”. Аз ин рӯ, дар ҳар баромадҳояшон таъкид месозанд, ки заминро самаранок истифода баред ва на кам аз ду-се ҳосил рӯёнед. Абдулло Ёров дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ намуда, заминро самаранок истифода менамояд ва  дар як сол 2-3 ҳосил ба даст меорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg