БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ОМИЛИ БЕҲДОШТИ ЗИНДАГИСТ!

АНДЕША. Кишоварзӣ, ки аз замонҳои қадим бо истилоҳҳои деҳқонӣ, деҳқанат, барзгарӣ, фалоҳӣ ҳам маъмул буд, яке аз соҳаҳои муҳими истеҳсолоти ҷамъиятӣ буда, аҳолиро бо хӯрокворӣ ва саноати ҳунармандиро бо ашёи хом ва ҳайвоноти аҳолиро бо ғизо таъмин менамояд. Мардумони ориёитабор яке аз аввалин кишоварзон будаанд. Тибқи иттилои ҷуғрофидонҳо ва муаррихони пешин кишоварзӣ дар сарзаминҳои Мовароуннаҳру Хуросон ривоҷу равнақи бесобиқа доштааст.

Баъди ба Руссия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна хусусиятҳои кишоварзии мардуми Осиёи Миёна ва бахусус Тоҷикистон, тағйир ёфта, ба талаботи саноати Русияи подшоҳӣ мувофиқ кунонда шуд; бо афзудани талабот ва баланд рафтани нархи пахта заминҳои кишти пахта босуръат васеъ карда мешуданд. Ҳанӯз А. И. Вавилов — олим ва сайёҳи машҳур Осиёи Миёнаро яке аз марказҳои зироати дунё ҳисобида, борҳо таъкид карда буд, ки кӯҳсори Тоҷикистон ва Бадахшон яке аз марказҳои қадимтарини зироат мебошад. Раванди пахтакорӣ ва рушди дигар соҳаҳои кишоварзӣ, аксаран ҳамчун манбаи ашёи хом, минбаъд ҳам ривоҷ гирифт. Пас аз истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ислоҳоти замин» соли 1992 марҳилаи қисман тақсим намудани заминҳои минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ оғоз гардид. Инчунин бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 №342 ва аз 1 декабри соли 1997 №874, 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин амал барои таъмин намудани аҳолӣ бо озуқа мусоидат намуд. Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996, №522, «Дар бораи таҷдиди корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ» қабул гардид. Дар ин раванд супориши давлатӣ (Госзаказ) ва нархи маҳсулоти кишоварзӣ озод эълон карда шуд, ки ин ба соҳибихтиёрии деҳқон барои парвариши маҳсулот мусоидат намуд. Ислоҳоти гузаронидашуда дар соҳаи кишоварзӣ, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) озодии интихоби истеҳсол ва фурӯши зироатҳои кишоварзиро дод. Дар бисёр ҷойҳо амалӣ намудани гузаронидани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, инчунин ҳалли масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, хусусигардонии амвол ба тағйироти куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ оварда расонид. Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкил намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ гардондани моликият дар соҳаи кишоварзӣ ба тағйироти куллӣ оварда расонд. Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ мустаҳкам гардида истодааст.

Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводи хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат менамояд. Ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани озодии парвариши зироати кишоварзӣ иқтидори соҳаро хеле афзун намуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, — ғалладонагиҳо, пахта, картошка, сабзавот, полезиҳо, меваҷот, афзоиши саршумори чорво ва паранда дар солҳои охир мутаносибан хеле боло рафт.

Дар давраи истиқлолият ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳо ва қабули барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, тухмипарварӣ, таъминот бо техникаи кишоварзӣ ва азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва хусусан барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзии мамлакат, бо ҷои кор таъмин намудани аҳолии деҳот ва дар ин замина беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки: “Замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ, ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст”. Аз ин рӯ, дар ҳар баромадҳои худ таъкид месозанд, ки заминро самаранок истифода баред ва на кам аз ду-се ҳосил рӯёнед. Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон қайд намуданд, ки самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад. Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ боиси таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал буда, ҳамзамон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ саҳм мегузорад. Барои боз ҳам ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини беҳдошти аҳли оила мо бояд сарҷамъона меҳнат намуда, ҳар як порча замини наздиҳавлигиро самаранок истифода барем ва ба ин васила шароити зиндагии худро беҳтар менамоем. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ эътибори махсус зоҳир намуда, ҳар порча заминро самаранок истифода барем. Барои беҳдошти зисти худ ва пайвандон сокинони кишвар метавонанд ба кишту кори баҳорӣ саҳм гузоранд. Зеро меҳнат шараф аст, самараи он албатта ҳосилбардорӣ карда мешавад ва таъмини озуқавории ҳар хонавода беҳтар мегардад.

Умедаи Акрамзода, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg